< "Лимит"? : чаро дар Тоҷикистон барқкушӣ сар шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Лимит"? : чаро дар Тоҷикистон барқкушӣ сар шуд

"Лимит"? : чаро дар Тоҷикистон барқкушӣ сар шуд
Сокинони бархе манотиқи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Файзобод дар атрофи Душанбе эълом кардаанд, ки барқ ҳамарӯза аз соати 8 то 17-и шаб қатъ хоҳад шуд

Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ аз соати 8 субҳ оғоз шуда ва то соати 17 идома дорад, гузориш додааст "Авесто".

Тавре "Парс тудэй" дар истинод ба манюаъ менависад, сокинони бархе манотиқи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Файзобод дар атрофи Душанбе эълом кардаанд, ки барқ ҳамарӯза аз соати 8 то 17-и шаб қатъ хоҳад шуд.

Сухангӯи Ширкати давлатии барқи Тоҷикистон сабаби қатъи барқро таъмир ва таҷдиди хатҳо арзёбӣ кард ва гуфт, ки ин ба зудӣ хотима хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои Ширкати давлатии барқи Тоҷикистон, тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6% коҳиш ёфта, ба 14 миллиарду 788 миллион киловатт соат расидааст.

Содироти нерӯи барқи Тоҷикистон низ дар ин давра 43,4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Меъёри барқ дар бахшҳои хонавода ва саноат дар Тоҷикистон пас аз 20 сол соли 2018 ба поён расид, аммо баҳори имсол аз сар гирифта шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий