< Бархӯрди маргбори “Хундай” бо автобус дар Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бархӯрди маргбори “Хундай” бо автобус дар Душанбе

Бархӯрди маргбори “Хундай” бо автобус дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори мошини “Хундай-Соната” бо автобус дар шаҳри Душанбе хабар дод

Тибқи иттилои ВУД, бархӯрд рӯзи 1-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 06:30 дақиқа рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Раҳимов Абдураҳим Сафарович, соли таваллудаш 1996, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Зебуниссо ба кӯчаи Бинокорон, дар рӯ ба рӯи бинои №120 бо сабабҳои номаълум ба қисмати қафои автобуси тамғаи “АКИА”, таҳти идораи ронанда, Шамсов Собир Партовович, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе, ки ба як самт харакат мекарданд, бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи бархӯрд ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Раҳимов Абудраҳим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид кард, ки сабаби бархӯрд феълан маълум нест ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий