< 37 тоҷикистонӣ тоза мубталои коронавирус шуданд: омори COVID 19 дар ҷумҳурӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

37 тоҷикистонӣ тоза мубталои коронавирус шуданд: омори COVID 19 дар ҷумҳурӣ

37 тоҷикистонӣ тоза мубталои коронавирус шуданд: омори COVID 19 дар ҷумҳурӣ
Вазорати тандурусии Тоҷикистон омори нави сироятшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 37 нафари дигар тоза мубталои коронавирус гардиданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар 24 соати гузашта ягон маризи коронавирус ба ҳалока нарасида. теъдоди қурбониёни ин дард дар кишвар 82 кас гуфта мешавад.

Илова бар ин, 50 нафар пас аз муолиҷаи пурра ширфо ёфта, аз дармонгоҳҳо ба хонаҳояшон мураххас шуданд.

Ба ҳамин минвол, аз 30 апрел то 1 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ 11054 нафар ба маризии коронавирус гирифтор шуда, 10283 нафар пас аз муолиҷа гирифтан комилан сиҳат шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандон дават ба амал меоранд, ки дар замони пандемия аз риоя ардани оддитарин қоидаҳои санитарӣ фаромӯш накунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий