< Навори пурраи маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Навори пурраи маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Навори пурраи маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дирӯз дар Тоҷикистон маросими савгандёдкунии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд

Маросим чун анъана дар Қасри миллат оғоз шуд ва дар Қасри Сомон ва майдони Дӯстӣ идома ёфт.

Ин маросим одатан бо супурдани шаҳодатномаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Нишони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.

Раисҷумҳур дасти рост ба болои Сарқануни Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.

Ёдрас мешавем, интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд ва боз барои 7 соли дигар президент интихоб гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий