< Президент Ҳукумати Тоҷикистонро ба истеъфо равон кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президент Ҳукумати Тоҷикистонро ба истеъфо равон кард

Президент Ҳукумати Тоҷикистонро ба истеъфо равон кард
Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кунунии кишвар ба истеъфо равон карда шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо имзо як фармон имрӯз, Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба истеъфо равон кард.

"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъини аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро иҷро намояд", - омадааст дар фармони президент.

Ин фармон мутобиқи моддаи 74 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий