Эълони авф дар Тоҷикистон: Раҳмон чанд маҳбусро бахшид?
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ авф эълон карда, беш аз 300 нафарро аз зиндон озод кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунӣ авф эълон карда, 378 маҳбусро бахшид.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, фармони раисиҷумҳур "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд" дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон сурат гирифта, бар асоси он 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.
Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 қонуни авфро имзо карда буд.
Он замон 20 ҳазор зиндонӣ бахшида шуда буданд.
Комментарии (0)