< Ба халқ содиқона хизмат мекунам: Президент савганд ёд кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба халқ содиқона хизмат мекунам: Президент савганд ёд кард

Ба халқ содиқона хизмат мекунам: Президент савганд ёд кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз расман ба иҷрои вазифаи президенти кишвар шурӯъ кард ва савганд ёд намуд

Имрӯз 30 октябр дар Тоҷикистон маросими савгандёдкунии президенти азнавинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Ин маросим нахуст аз Қасри миллат оғоз гардид ва дар он ҷо ба раисҷумҳур шаҳодатнома, орден ва нишони президентӣ супорида шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон рӯй ба Қасри Сомон овард ва дар назди ҳайъати калони ҳукумати Тоҷикистон, вакилони парлумон ва намояндагони ҷомеаи кишвар савганд ёд кард.

Президент даст ба болои Сарқаонуни Тоҷикистон гузошт ва ваъда дод, ки ба мардумаш содиқона хизмат мекунад.

"Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам, ки сарзамин, истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам ва ба халқ содиқона хидмат менамоям", - таъкид кард раисҷумҳур.

Ӯ дар идомаи суханронӣ бори дигар ба мардуме, ки дар интихоботи 11 октябр ӯро ҷонибдорӣ кардаанд, изҳори сипос кард.

Феълан Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои кишвар дар 7 соли сипаришуда ёдовар мешавад ва пас аз суханронӣ барои иштирок дар гузашти низомӣ ба майдони Дӯстӣ меравад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий