< 58 шифоёфта ва 39 маризи нав: омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

58 шифоёфта ва 39 маризи нав: омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистон

58 шифоёфта ва 39 маризи нав: омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон акнун теъдоди гирифторони маризии коронавирус аз моҳи апрел ба ин сӯ, ба 10 939 нафар баробар шудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 10939 нафар расид. 

Ҳамзамондар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10128 (92,5%)  баробар гардид.

Манбаъ меафзояд, давоми як шабонарӯзи ахир дар кишвар ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Теъдоди қурбониёни COVID - 19, 82 - нафарро ташкил медищанд.

Вазорат аз сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий