Муҷозоти беш аз ҳазор корманди Кумитаи андоз: 357 нафарашон мақомдор будаанд
Кумитаи андози Тоҷикистон аз муҷозоти беш аз ҳазор кормандаш хабар додааст, ки қариб нисфи он ҳайати роҳбарикунанда будаанд
Бино ба иттилои ин ниҳод, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби кормандон яке аз омилҳои самаранокии фаъолияти мақомоти андоз маҳсуб ёфта, бо ин мақсад дар дастгоҳи марказии Кумитаи андоз ва мақомоти ҳудудии он пайваста санҷишу корҳои назоратӣ гузаронида мешавад.
Манбаъ мегӯяд, мутаассифона, баъзе аз кормандони мақомоти андоз новобаста аз таъкидҳои доимии роҳбарияти Кумитаи андоз ва сардорони мақомоти ҳудудии андоз, бар хилофи талаботи меъёрҳои муқарраршудаи соҳаи меҳнат ва хизмати давлатӣ амал намуда, интизоми меҳнатро вайрон менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли 2020 барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ, ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ ва роҳ додан ба дигар камбудиҳо, бо фармоишҳои раиси Кумитаи андоз нисбати 1043 нафар корманди мақомоти андоз муҷозотҳои интизомӣ татбиқ карда шудааст.
ГУфта мешавад, ки аз ин 357 нафарро ҳайати роҳбарикунанда ташкил медиҳад.
Комментарии (0)