Тафсилоти куштори бераҳмонаи муаллим аз сӯи ҳамсараш бо табар-видео
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як зани 40-соларо ба гумони қатли ҳамсари омӯзгораш боздошт кардааст
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Раъно Оймаҳмадоваи 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 12-уми октябри соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, Марупов Барот Қурбоновуичи 54-сола, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, ҷангу ҷанҷол карда, ба сарау рӯяш бо табар зада ба ҳалдокат мерасонад.
Манбаъ мегӯяд, ҳамсар барои ҷабрдида хонадории сеюм буда, соҳиби як фарзанд мебошанд.
“Иллати сар задани ҷинояти махсусан вазнинро тафтишоти пешакӣ ба муҳити носолим дар хонаводаи омӯзгор нисбат медиҳад, ки аз фанни химияву биология дарс мегуфт”,-афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба Раъно Оймаҳмадова парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Комментарии (0)