Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма": худрав ба дарёи "Ғунд" чаппа шуд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садмаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе - Хоруғ - Қулма" хабар медиҳад
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садама бегоҳи 27-уми октябррух додааст.
Тибқи иттилои ВКД, ронандаи худрави тамғаи "Чанху", Мардонов Ховар Навбаҳорович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма", аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи "Ғунд" чаппа шудааст.
Гуфта мешавад, ки садама дар ҳудуди деҳаи Боғев ба вуқӯъ пайвастааст.
"Дар натиҷа, ронанда Мардонов Х.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Комментарии (0)