Вазорат: 851 нафар гирифтори коронавирусанд, 10 ҳазор шифо ёфтанд
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд
Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 27 октябр 10860 ҳолатро ташкил дод.
"Дар як шабонарӯзи охир 58 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10009 (92,1%) баробар гардид", - таъкид мешавад дар хабар.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон ҷамъан аз маризии COVID- 19 81 нафар фавтидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Комментарии (0)