Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон
Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10819 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро дар Тоҷикистон эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 26 октябр ба 10819 нафар расид.
Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 62 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9951 (92,0%) баробар гардид.
"Бар асари ин беморӣ 81 нафар фавтидаанд", - омадааст дар гузориши Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ афзуда, ки ҲукуматиТоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Комментарии (0)