< Муҳофизи фурудгоҳи Душанбе худро парронд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳофизи фурудгоҳи Душанбе худро парронд?

Муҳофизи фурудгоҳи Душанбе худро парронд?
Як муҳофизи фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо номи Шеравган, соли таваллудаш 1982,  рӯзи 26 октябр, тахминан соати 14 дар ҷои кор худро аз силоҳи хидматӣ паррондааст.

Шеравган бар асари захми бардоштааш ҷон додаст. Дар як моҳи охир ин дуюмин муҳофизи фурудгоҳи Душанбе аст, ки бо марги ғайритабиӣ аз дунё меравад. Моҳи сентябр як муҳофизи дигари фурудгоҳ, ки аз бонк қарздор буд, худро дар хонаш овехта буд.Кормандони фурудгоҳи Душанбе мегӯянд, аз моҳи март маош нагирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳар рӯз аз фурудгоҳи Душанбе чандин парвози чартерӣ анҷом дода мешавад ва агарчӣ ҳавопаймоҳо ба Русия тақрибан холӣ парвоз мекунанд, аз он тараф пур бармегарданд. Ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ чиптаҳоро бо нархи ду баробар қимат мефурӯшанд.

Фурудгоҳҳои Тоҷикистон моҳи март бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста шуданд.  Аз ин рӯ, кормандони фурудгоҳ намефаҳманд, ки чаро маъмурияти фурудгоҳ барои пардохти маоши онҳо пул намеёбад?

Комментарии (0)

Оставить комментарий