Бедарак шудаанд: милиса барои пайдо кардани 3 нафар аз мардум кумак хост-видео
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар гузориши ахири видеоияш акси се нафар бедаракшударо намоиш дода, аз мардум барои пайдо кардани онҳо кумак хост
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ноболиғ Садам Қурбонов ҳанӯз моҳи март аз хона баромада бедарак шудааст.
“Садам Қурбонов, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, 26-уми марти соли равон аз хона баромада, бедарак аст”, - хабар дод ВУД.
Манбаъ афзуд, Фармонқул Абдураҳмонов, зодаи соли 1971, бошандаи хона-интернати бемориҳои руҳии шаҳри Ҳисор 22 сентябр баромада, бедарак гаштааст.
Нафари бедаракшудаи дигар Акбарзода Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Бохтар мебошад, ки аз 1 сентябри соли равон дар бораи ӯ иттилое нест.
ВУД хоҳиш кардааст, афроде, ки дар бораи бедаракшудаҳо иттилое доранд, тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ё 2 27 98 98 хабар диҳанд.
Комментарии (0)