< Додситони кулли Озарбойҷон бо сафири Тоҷикистон вазъи Қаробоғро баррасӣ карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Додситони кулли Озарбойҷон бо сафири Тоҷикистон вазъи Қаробоғро баррасӣ карданд

Додситони кулли Озарбойҷон бо сафири Тоҷикистон вазъи Қаробоғро баррасӣ карданд
Прокурори генералии Озарбойҷон Камран Алиев ва сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ муноқишаи низомиро дар Қарабоғи Кӯҳӣ баррасӣ карданд

Додситони кулли Озарбойҷон Камран Алиев бо сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон Рустам Солӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.

Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Озарбойҷон ба масъалаи низои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ тамаркуз кардааст.

Дар посух сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ мавқеи расмии ҷумҳуриро дар бораи он, ки тамомияти арзии Озарбойҷонро Тоҷикистон эътироф мекунад, иброз доштааст.

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо ҳамзамон дар муколама аз рушди бомуваффақияти муносибатҳои дуҷонибаро гуфтаанд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот Алиев ва Солӣ дар бораи ҳамкориҳои додситонии ду кишвар, кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, истирдод ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий