Даргузашти табиби 44-сола дар Хуҷанд
Неъматова Зарина, табиби физиотерапевт аз шаҳри Хуҷанд рӯзи 10 октябр дар синни ҳамагӣ 44-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар бораи иллати марги Зарина Неъматова чизе гуфта нашудааст, вале бисёре аз корбарон дар номаҳои таъзияи худ ишора ба «бемории гулчин” кардаанд.
Ин аллакай 80- умин табиби тоҷик аст, ки аз илтиҳоби шуш мефавтад. Аз замони авҷи бемории коронавирус дар Тоҷикистон, ба ҳисобҳои алтернативӣ, ҳудуди 80 табиби тоҷик аз ин вирус ё «илтиҳоби шуш” вафот кардаанд. Як бахши аъзами ин табибони қурбоншуда аз Хуҷанд ва атрофи он мебошанд.

Комментарии (0)