< Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон
Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун дар Тоҷикистон 10260 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ

 Вазорати тандурустии тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 12 октябр ба 10260 нафар расид.

"То имрӯз дар мамлакат  9103 нафар ё худ 88,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 79 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир 34 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий