< Хонаҳои гарм: дар Душанбе интиқоли гармӣ оғоз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хонаҳои гарм: дар Душанбе интиқоли гармӣ оғоз шуд

Хонаҳои гарм: дар Душанбе интиқоли гармӣ оғоз шуд
Соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе 28 октябр оғоз карда буд.

Имсол, ки обуҳавошиносон аз нисбатан пештар фаро расидани фасли сармо хабар доданд, дар Душанбе мақомот ба интиқоли гармӣ оғоз карданд.

"Шурӯъ аз имрӯз, 12 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  оғоз кард", - менависад "Ховар" дар истинод ба сардори маркази матбуоти ШСХК "Барқи Тоҷик" Нозир Ёдгорӣ.

Дар айни замон  502 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

Имсол бинобар сабаби сард омадани ҳаво мавсими гармидиҳӣ нисбат ба соли гузашта 20 рӯз пеш оғоз ёфт.

Соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе 28 октябр оғоз карда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий