Овоздиҳии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентӣ
Шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентӣ овоз дод
Роҳбари шаҳр аз қитъаи интихоботии No15, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоил Сомонӣ воқеъ аст, дидан кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.
Имсол барои курсии сарвари давлат панҷ номзад рақобат мекунанд: Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунист.
Тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон, президент ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад. Номзаде бо зиёда аз 50% овозҳо ғолиб хоҳад шуд.
Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботӣ беш аз 4 миллиону 900 ҳазору шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи ширкат ба интихоботи президентиро доранд.
Комментарии (0)