Тавсифи Раҳмон аз дастовардҳои Туркманистон
Туркманистон рӯзи 27 сентябр Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар паёмҳои шодбошии ҳамтоёнашро қабул мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.
Раҳмон ба Бердимуҳаммадов изҳор доштааст, ки Туркманистон тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузург дар бахши иқтисод, илм, фарҳанг ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ноил шудааст.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавқеи Туркманистон дар сатҳи байналмилалӣ боло рафт.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо ва таҳкими дӯстию муносиботи созандаи ду кишвар аҳамияти калон медиҳад.
Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистону Туркманистон зарфияти ҳамкорию шарикии минтақавиро амалӣ хоҳанд кард.
Комментарии (0)