< Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон
То санаи 20 сентябр дар мамлакат 8108 (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 73 нафар фавтидаанд.

 Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то шоми имрӯз дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9346  нафар баробар гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамзамон, то санаи  20 сентябр дар кишвар  8108  (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий