< Номзадҳои курсии президентии Тоҷикистон шаҳодатнома гирифтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Номзадҳои курсии президентии Тоҷикистон шаҳодатнома гирифтанд

Номзадҳои курсии президентии Тоҷикистон шаҳодатнома гирифтанд
Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст.

Номзадҳои курсии президентии Тоҷикистон шаҳодатнома гирифтанд.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода маросими супоридани Шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзадҳои бақайдгирифташуда сурат гирифт.

"Шаҳодатномаҳо ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, Эмомалӣ Раҳмон, Раҳматзода Рустам ва Абдуллоев Мироҷ Санонович дар фазои тантанавӣ супорида  шуданд", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий