< Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард

Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард
Ёдрас мешавем, мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихоботи раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд

 Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кардааст.

Ба нишонии Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати нозирони байналмилалӣ аз АБД ИДМ барои иштирок ба назорати омодагӣ ба баргузории интихоботи президентӣ даъватнома расидааст.

Ба наздикӣ ҳайъати гурӯҳи нозирон аз ҳисоби намояндагони парлумон - иштирокдорони АБД ИДМ, кормандони котиботи Шӯрои АБД ИДМ ва коршимносон, ки дар дар назорати интихобот иштирок хоҳанд кард, муайян мешаванд.

Ёдрас мешавем, мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий