< Додситони Хуҷанд тӯйҳоро манбаи аслии сирояти бемориҳо гуфт: якчанд ҳолат сабт шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Додситони Хуҷанд тӯйҳоро манбаи аслии сирояти бемориҳо гуфт: якчанд ҳолат сабт шудааст

Додситони Хуҷанд тӯйҳоро манбаи аслии сирояти бемориҳо гуфт: якчанд ҳолат сабт шудааст
Прокурори Хуҷанд, Авазҷон Назарзода зимни баргузории як ҷаласа аз вазъи иҷрои риояи танзими расму оин ва риояи қавонинибеҳдоштӣ дар маъракаҳо дар шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ намуд

 Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд, Авазҷон Назарзода гуфтааст, ки бо вуҷуди нашри қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани тӯю маъракаҳо, ки то  то 40 нафар муқаррар шудааст, бархе аз шаҳрвандон ва моликони қаҳвахонаву тарабхонаҳо риоя намекунанд.

Таъкид шуд, ки мутаасифона то ҳол маъракаҳои калон омили асосии хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ боқӣ мемонад ва дар ин самт якчанд ҳолати ташвишовар ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ мегӯяд, бархе аз роҳбарони ин марказҳои хизматрасонӣ ба қавле “Худро шоҳу табъашонро вазир” пиндошта, талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими расму оинро дидаву дониста дағалона вайрон намуда истодаанд, ки дар назди қонун ҳатман ҷавоб мегўянд.

“Ҳолатҳое ба қайд гирифта шуданд, ки сокинони дигар шаҳру навоҳии вилоят тўю маъракаҳои худро дар шаҳри Хуҷанд бо вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ ташкил ва баргузор намуда истодаанд ва дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ба мақомоти дахлдори шаҳр дастур шуд, ки фаъолияти макони баргузории тӯю маъракаҳо ҷиддан зери назари гирифта шуда, дар ҳолати риоя нашудани талаботҳои беҳдоштӣ ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолияти ин марказҳои хизматрасонӣ бе огоҳии такрорӣ қатъ ва нисбати роҳбаронашон чораҳои пешбиникардаи қонун андешида шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий