< Таҷовуз ва қатли кӯдаки гадо дар истгоҳ дар назикии Душанбе-видео » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таҷовуз ва қатли кӯдаки гадо дар истгоҳ дар назикии Душанбе-видео

Таҷовуз ва қатли кӯдаки гадо дар истгоҳ дар назикии Душанбе-видео
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати дигари дастдарозӣ ба номус ва қатли ноболиғ хабар дода, таъкид ба бемасъулиятии падару модар кардааст, ки духтарчаашонро ба талабандагӣ ҷалб намудаанд

Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, модари кӯдаки ноболиғ аз бедарак шудани фарзандаш арз кардааст.

Манбаъ афзуд, дар пайи ҷустуҷӯ,  ҷасади духтарчаи бедаракшуда, дар зери истгоҳи деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфт шудааст.  

Боздошти Раҷабов: пул дода, бо фиреб бурдаст-видео

Маъмурини милиса бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят, шаҳрванд Раҷабов Зафар Сафарович, соли таваллудаш 1983, зодаи шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро дастгир кардаанд.

Ба иттилои ВУД, муттаҳам эътироф кардааст, ки 25 августи соли равон бо роҳи додани маблағ, ба боварии духтарчаи хурдсол даромада, ӯро ба паси истгоҳ бурда, бо зӯрӣ ба номусаш таҷовуз кардааст. Ин ниҳод таъкид намуд, ки айбдоршаванда сипас барои рӯйпӯш кардани ҷинояташ ҷабрдидаро ба қатл расондааст.



ВУД гуфт, феълан алайҳи боздоштшуда бар асоси моддаҳои 104 ва 138-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Назари бевоситаи Зафар Раҷабов ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.

Комментарии (0)

Оставить комментарий