< Наҷоти зани 49-сола аз худкушӣ дар шаҳри Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Наҷоти зани 49-сола аз худкушӣ дар шаҳри Душанбе

Наҷоти зани 49-сола аз худкушӣ дар шаҳри Душанбе
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид дошт, ки зани 49-сола, ки мехост аз пули маҳалли 103-уми шаҳри Душанбе худро сарозер кунад, ба наҷотдиҳандагон нагуфт сабабш дар чӣ будааст

 Наҷотдиҳандагон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ахран дар шаҳри Душанбе як зани 49-солаеро, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ин зан шаби 6-уми сентябри соли равон, соати 00:30 дақиқа аз пули маҳалли 103-уми шаҳри Душанбе мехост худро сарозер кунад.

“Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи 1-уми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса расид ва ин зани ошуфтаву қасди ҷони худкардаро наҷот дод”,- таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон КҲФ Тоҷикистон зикр намудааст, ки ин зани наҷотёфта 49 сол дошта, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Дар суҳбат бо кормандони наҷот сабаби ин иқдомашро нагуфт.

Гуфта шудааст, ки баъди наҷоти ёфтан, зани номбурда ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий