< Коммунистҳои Тоҷикистон низ номзади худро барои интихоботи президентӣ пешбарӣ карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Коммунистҳои Тоҷикистон низ номзади худро барои интихоботи президентӣ пешбарӣ карданд

Коммунистҳои Тоҷикистон низ номзади худро барои интихоботи президентӣ пешбарӣ карданд
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон низ барои ширкат дар рақобати интихоботӣ барои курсии президентӣ номзади хешро пешбарӣ кард

 Дар анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари 72 солаи он Мироҷ Абдуллоев, номзад ба мақоми президенти пешбарӣ шуд.

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон имрӯз доир гашта Мироҷ Абдуллоев якдилона аз суи 57 вакили ҳизб номзад ба президентӣ пешбарӣ шуд.

Ӯ зимни суханронӣ бо ишора аз таҷриба ва таърихи ҳизби зертобеяш гуфт, дар интихобот ғалаба хоҳанд кард.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон қарор аст 11 октябри соли ҷорӣ доир гардад.

Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон низ аллакай барномаи интихоботиро омода кардааст. Барномаи ҳизб ҳалли мушкилоти иҷтимоиро, навсозии иқтисодиёт ва ислоҳоти менеҷмент ва системаи судиро дар бар мегирад.

Айни замон, раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон Абдухалим Ғаффоров, раиси Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода пешбарӣ шудаанд.

Президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба мансаби президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократӣ пешбарӣ карда шуд.

Ҳизби сотсиал демократӣ бошад, эълон кард, ки интихоботи навбатиро таҳрим ва аз ширкат дар он худдорӣ мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий