Ҳукми марде, ки духтарашро таҷовуз кард: "бо болишт беҳуш кард ва баъд ба номусаш расид"
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳодисаи нанговари аз ҷониби падар таҷовуз шудани духтари 16-соларо дар ноҳияи Данғара шарҳ додааст. Бино бар иттилои манбаъ, мард духтарашро аз кати берун ба хона дароварда, бо болишт беҳуш намуда ба номусаш дастдарозӣ кардааст
Тавре манбаъ менависад, ҳодиса 3 сол пеш рух дода, соли 2020 ҳукми зиндони мард содир шудаст.
Додситонӣ менависад, сокини ноҳияи Данғара Абдуллоев Азизулло Назуруллоевич моҳи июни соли 2017 тахминан соатҳои 22 дар манзили истиқоматиаш бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвониаш дидаю дониста, ки духтараш Н., санаи таваллудаш 1 августи соли 2001 ноболиғ мебошад даст ба таҷовуз задааст.
"Духтар, ки дар болои кати ҳавлии истиқоматиаш хоб буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, мард аз ин ҳолатҳо истифода намуда, номбурдаро аз дастонаш гирифта, маҷбуран кашолакунон ба дохили ҳуҷраи меҳмонхонаи манзили зисташ бурдааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.Баъди вориди ҳуҷраи мазкур намудан Абдуллоев А.Н. пойҷома ва таҳпуши ноболиғ Н.-ро аз танаш бароварда, қасди ба номуси номбурда таҷовуз намуданро кард. Ин вақт ноболиғ Н. хост доду фиғон намояд, аммо падараш Абдуллоев А.Н. бо мақсади то ба охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ бо истифодаи қувваи зуроварӣ ба воситаи болишт Н.-ро аз ҳуш беҳуш намуда, ба номусаштаҷовуз намудааст.
Гуфта мешавад, додситони Данғара нисбати Абдуллоев А.Н. бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ онро ба суд фиристонидааст.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 10 июли соли 2020 Абдуллоев А. Н. ба мӯҳлати 25 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Комментарии (0)