< Прокуроре,ки дар мошинаш Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, ҷазо мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Прокуроре,ки дар мошинаш Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, ҷазо мегирад

Прокуроре,ки дар мошинаш Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, ҷазо мегирад
Прокуратураи шаҳри Душанбе ба зидди Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар натиҷаи садамаи мошинаш сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ фавтид, парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ҳодиса субҳи 7-уми август рух дода буд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки Ислом Анварзода ва ҳамроҳонаш «дар ҳолати мастӣ» савори «Ландкрузер-200» ба «Камаз» бархӯрданд. Мақомоти тафтишотӣ рӯзи 27-уми август гуфтанд, ҳодиса бар асоси қисми чаҳори моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷазо ба ронандеро пешбинӣ мекунад, ки «дар ҳолати мастӣ ҳаракати роҳро вайрон мекунад ва боис ба марги инсон ва ё зарари вазнин ба саломатӣ мешавад». Анвар Исломзода, ки пас аз садама дар ҳолати кома қарор дошт, ҳоло ба ҳуш омадааст. Ин садама, ки дар он Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи эстрадаи тоҷик ҳалок шуд, сару садо ба по кард. Ҳаводорони ин сароянда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкорони ин садама ҷазо дода шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий