< Ду халабони тоҷикистонӣ дар Судон бар асари сукути ҳавопаймо кушта шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ду халабони тоҷикистонӣ дар Судон бар асари сукути ҳавопаймо кушта шуданд

Ду халабони тоҷикистонӣ дар Судон бар асари сукути ҳавопаймо кушта шуданд
Бар асари суқути як фарванди ҳавопаймо дар Судони ҷанубӣ ду халабони тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст доданд

Дар Судони Ҷанубӣ ду халабони тоҷикистонии табааи Русия Парвиз Қодиров ва Мирсултон Мираҳмадов кушта шуданд, хабар медииҳад Парс тудей.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои Антонов-26, ки ба Southwest Airlines тааллуқ дошт, пас аз чанд дақиқа аз фурудгоҳи Ҷуба дар пойтахти Судони Ҷанубӣ суқут кардааст.

Дар ин ҳодиса 17 сарнишини ин парвоз ва ду халабони тоҷик ҷони худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, дар ҳавопаймо якчанд мотосикл, қисмҳои эҳтиётӣ, хӯрокворӣ ва каме пул барои яке аз корхонаҳои саноатии Бао будааст.
Имдодгарон аҷсоди қурбониёни ин ҳодисаро аз дохили ҳавопаймо берун овардаанд.

Гуфта мешавад, ки ба далели кӯҳистонӣ ва ботлоқӣ будани минтақаи суқути ин ҳавопаймо, интиқоли таҷҳизоти гурӯҳҳои имдод ва наҷот бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий