< Роҳбари ҲИИТ Рустам Раҳматзода ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Роҳбари ҲИИТ Рустам Раҳматзода ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ шуд

Роҳбари ҲИИТ Рустам Раҳматзода ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ шуд
Раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода чаҳорумин номзади курсии президентӣ пешниҳод шуд

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) раиси ҳизб Рустам Раҳматзода (Қудратов) -ро ҳамчун номзад ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ пешбарӣ кардааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Номзадии Раҳматзода имрӯз, 24 август, дар ҷаласаи пешазинтихоботии ҲИИТ дар Душанбе маълум шуд.

Рустам Раҳматзода дар баромади худ қайд кард, ки ҳадафи ӯ мубориза бо камбизоатӣ, рушди иқтисод, ислоҳоти соҳаи бонкӣ ва ғайра аст.

Ёдовар мешавем, ки ҲИИТ соли 2005 таъсис ёфта,  ҷонибдори татбиқи ислоҳоти аграрӣ, таҷдиди сиёсати саноатӣ ва ҳалли мушкилоти молиявӣ мебошад.

Қаблан раҳбари пешини ин ҳизб Олимҷон Бобоев ду маротиба дар интихоботи президентии Тоҷикистон, солҳои 2006 ва 2013 ширкат карда буд.

Ҳамин тариқ, то имрӯз аз ҳафт ҳизби сиёсии кишвар чаҳортои онҳо расман номзадҳои худро ба президентӣ пешбарӣ кардаанд.

Қаблан Ҳизби сотсиалистӣ раиси онро Абдуҳалим Ғаффоров ва Ҳизби аграрӣ - роҳбари он Рустам Латифзодаро пешбарӣ карда буданд.

Ғайр аз он, Ҳизби демократии Тоҷикистон низ номзад ба мансаби президентӣ - Саидҷаъфар Усмонзодаро пешкаш кардааст.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъин шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий