Раҳмон ба Душанбе баргашт: сафари ӯ дар Бадахшон анҷом ёфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 август пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргашт
Сафари кории кишвардори Тоҷикистон дар ВМКБ анҷом ёфт ва рӯзи 22 август ба шаҳри Душанбе баргашт, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмонро, роҳбарият ва фаъолони вилоят гусел карданд.
Ёдовар мешавем, ки боздиди кории роҳбари давлат дар вилоят аз 19 то 22 август идома ёфт.
Таъкид мешавад, ки давоми 4 рӯз бо иштироки Эмомали Раҳмон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо адад иншооти наву муосир мавриди истифода қарор гирифта, ҳамчунин ҷиҳати бунёди як зумра иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд.
Аксари иншооти наве, ки сохтмонашон зимни ин сафар ба нақша гирифта шуданд, то ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Комментарии (0)