< Корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз ҷониби КДАМ боздошт гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз ҷониби КДАМ боздошт гардид

Корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз ҷониби КДАМ боздошт гардид
Аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид, хабар медиҳад Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ, 19-уми август аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори зершуъбаи Раёсати оперативӣ-ҷустуҷўии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Баротзода Сайфиддин Барот, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зада, бо ин восита маблағи махсусан калонро тасарруф кардааст, дастгир гардид.

«Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Баротзода С.Б. бо моддаи 247, қ.4, банди «Б»-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад», — илова намуд манбаъ.

Комментарии (0)

Оставить комментарий