< Коронавирус ба таъхир андохт: Президент гуфт, кай роҳи Дарвоз - сарҳади Рӯшонро месозанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Коронавирус ба таъхир андохт: Президент гуфт, кай роҳи Дарвоз - сарҳади Рӯшонро месозанд

Коронавирус ба таъхир андохт: Президент гуфт, кай роҳи Дарвоз - сарҳади Рӯшонро месозанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони Ванҷ изҳор дошт, ки пандемияи коронавирус имзои бархе аз асноди сохтмони роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷро ба таъхир андохт

 Тибқи изҳороти Раҳмон, ҳукумати мамлакат барои таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ ҳоло корро бо шарикони рушд идома дода, дар давоми се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардидаро амалӣ мегардонад.

Раисиҷумҳур арзиши сохтмони ин роҳро беш аз 2 миллиард сомонӣ гуфта, афзуд, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст.

“Паҳншавии пандемияи каронавирус корҳои вобаста ба имзои санадҳои дахлдорро ба таъхир андохт. Вале бо вуҷуди ин, мо тасмим дорем, ки корҳои таҷдиди шоҳроҳро то охири соли ҷорӣ оғоз намоем”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ илова намуд, ки то имрӯз дар асоси нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ 55 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардида, то баргузории ҷашн сохтмон ва ба истифода додани 17 иншооти дигар пешбинӣ шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий