< Данғараи пешқадам: истеҳсоли ғалла наздик ба 86 ҳазор тонна расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Данғараи пешқадам: истеҳсоли ғалла наздик ба 86 ҳазор тонна расид

Данғараи пешқадам: истеҳсоли ғалла наздик ба 86 ҳазор тонна расид
Мақомоти ноҳияи Данғара эълон кард, ки ноҳия кишти ғалларо афзоиш дода, истеҳсоли онро ба 85 ҳазору 929 тонна расонданд

 Бино бар иттилои мақомоти ноҳияи Данғара, кишоварзони ноҳия дар соли равон дар майдони 21 ҳазору 202 гектар тухмиҳои хушсифати “Краснодар – 99”, “Садоқат”, “Веха”, “Фарҳодӣ”, “Стеклавини – 24” ва навъи маҳаллии “Ормон”-ро кошта, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои агротехникӣ, ҳосили хуб рӯёнданд.

Муовини аввали раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода бв рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки деҳқонони ноҳия аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода бурда, истеҳсоли ғалларо ба ҷои 82 ҳазору 961 тоннаи нақша, ба 85 ҳазору 929 тонна расонданд.

Ҳамзамон, барои чорвои ҷамъиятӣ 78 ҳазору 396 тонна коҳ ва 38 ҳазор тонна тойбанд (пресс) омода гардид.

Гуфта шудааст, ки баъди ғундоштани ҳосил, деҳқонон заминҳои холигаштаро шудгор карда, дар кишти такрорӣ ҷуворимакка, мош, лӯбиё ва дигар зироатҳои мутобиқ ба бозори меҳнат кориданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий