< Фоҷиа дар ноҳияи Ҷомӣ: марги чор сокин баъди баргаштан аз ҷаноза » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фоҷиа дар ноҳияи Ҷомӣ: марги чор сокин баъди баргаштан аз ҷаноза

Фоҷиа дар ноҳияи Ҷомӣ: марги чор сокин баъди баргаштан аз ҷаноза
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи мадҳуши нақлиётӣ хабар медиҳад, ки ҷони 4 сокини ноҳияи А.Ҷомӣ рабуда шуд

Ҳар чаҳор марҳум савори автомашинаи тамғаи "ЗИЛ-ММЗ-554" буда, аз ҷанозаи ҳамдеҳаи худ баргаштан, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 17 - уми август, тахминан соати 09:00 дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "ЗИЛ-ММЗ-554", Раҷабзода Асҳобиддини 24 - сола, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада худравашро чаппа намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Номбурда, ки низ сокини ҷамоати деҳоти К.Ғиёсови ноҳияи А.Ҷомӣ мебошад, аснои баргаштанд аз оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, автомашинаро ба чуқурии 16 - метр чаппа кард.

Зимнан, мусофирони дар дохили бордони автомашина буда, ноболиғ Ёқубзода Шамсиддини 17 - сола, Абдуалимов Шамсиддини 19 - сола, Нуриддинов Расулҷони 37 - сола ва Каримов Содиқи 47 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти К.Ғиёсови ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин чандин мусофири дар бордони автомашина қарор дошта, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий