< Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори расмии марбут ба COVID-19- ро нашр кард, ки бар асоси он шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ касе аз ин вирус нафавтидааст

 Тибқи иттилои Вазорат, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ афзуд, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 16 август 8065 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 6855  (84,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 64 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 87  нафар гумонбарон қарор дошта, 40 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий