< Муноқишаи оилавӣ ба марг анҷомид: сокини Чиптеппа ҳамсари 30 - солаашро кушт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муноқишаи оилавӣ ба марг анҷомид: сокини Чиптеппа ҳамсари 30 - солаашро кушт

Муноқишаи оилавӣ ба марг анҷомид: сокини Чиптеппа ҳамсари 30 - солаашро кушт
Зани 30 - сола аснои муноқишаи оилавӣ аз дасти ҳамсари худ сахт ҷароҳатдор шуд ва дар беморхона ҷон аз даст дод

Кормандони милитсияи сокини 34 - солаи  деҳоти Чиптеппаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавони худ муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи рӯзи 12 - уми август, тахминан соати 23:00 рух додааст.

Гуфта мешавад, куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ сар задааст.

"Номбурда дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари худ зани 30-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба рони пойи росташ задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий