< Раҳмон ба Исматуллозода вазифаи нав дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон ба Исматуллозода вазифаи нав дод

Раҳмон ба Исматуллозода вазифаи нав дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҳукумат ҳайати нави аъзои Кумитаи ҷоизаи давлатӣ ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро тасдиқ кард

Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳур ахиран имзо кард, Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон ба мақоми раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абубдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика таъйин шуд.

Ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абубдуллоҳи Рӯдакӣ, шоир Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Инчунин Ҳукумат ҳайати аъзои Кумитаи ҷоизаи ба номи Рӯдакиро тасдиқ намуд, ки коршиносони бахшҳои гуногун шомили он гардидаанд.

Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ олитарин ҷоизаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки ба эҷодкорони кишвар тақдим мегардад.

Ин ҷоиза ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта дар замони шӯравӣ таъсис ёфта, бисёре аз адибони шинохтаи тоҷик барандаи он шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий