Киҳо аввалин шуда воксина зиди COVID-19-и Русияро дар Тоҷикистон мегиранд: вазорат гуфт
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ҳангоми харидории ваксина бар зидди коронавируси COVID-19 киҳо овал шуда онро дастрас мекунанд
Ин ниҳод гуфтааст ҳангоми харидории воксина пеш аз ҳама, он барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд ва танҳо баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад.
Ҳоло Тоҷикистон барои харидории воксина бо ҷониби Русия гуфтушунид дорад хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорат бо такя ба муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии ваксина барои ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.
“Ҳангоми ҳисобкунӣ инчунин бояд ба назар гирифт, ки миқдори муайяни одамон ба COVID-19 гирифтор шуда, подтан (антитела) пайдо мекунанд ва ба ин одамон гузаронидани ваксина лозим намеояд. Одатан, подтанҳо тақрибан ду сол фаъоланд”, —мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.
Ёдовар мешавем, ки ваксинаи Россия бар зидди коронавируси COVID-19 рӯзи 11 август ба қайд гирифта шуд.
Дар бораи расман ба қайд гирифта шудани он президенти русия Владимир Путин расман хабар дод.
Гуфта мешавад, дар ояндаи наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ шуда, аллакай моҳи октябр ваксинакунонии шаҳрвандони Россия, ки ба гурӯҳи осебпазир шомил мебошанд, оғоз меёбад.
Комментарии (0)