Таассуфи Раҳмон аз даргузашти Гулназар Келдӣ ва изҳори ҳамдардии ӯ ба хонаводаи марҳум

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти шоири маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ изҳори таассуф намудааст.
Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён мекунад.
Ёдовар мешавем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
Комментарии (0)