< Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон омори тозаи гириторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 93  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 43 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин, дар давоми 24 соати гузашта дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7912  нафар баробар гардид.

"То санаи  12 август дар мамлакат  6696  (84,6%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 63  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати беҳдошт ёдоварӣ карда, ки айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий