< Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интизороташро аз интихоботи президентии 11 октябр баён дошт

 Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки интихобот бояд шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ӯ изҳори умед кард, ки интихоботи раисиҷумҳур омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки “ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд”.

Ӯ дар ҷаласаи ахири муштараки ду палатаи парлумон борҳо аз вакилон суол кард, ки оё дар бораи интихобот пешниҳодҳое доранд, аммо посухе нагирифт.

Дар охир Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий