Бозгардонии шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон аз Туркия

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз бозгардонии шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон аз шаҳри Истанбул ба Душанбе хабар медиҳад
Рӯзи 11 августи 2020 бо дастури Эмомалӣ Раҳмон 186 шаҳрванди Тоҷикистон, бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳри Истанбул ба Душанбе баргардонида шуданд.
Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ин шаҳрвандон ба далели қатъ гардидани парвозҳо дар Ҷумҳурии Туркия дармонда буданд.
Қаблан, 26 июли соли ҷорӣ 174 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз кишварҳои дигар барои баргаштан ба Ватан ба шаҳри Истанбул омада буданд, бо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Душанбе баргардонида шуданд.
Ёдрас мешавем, ки кишвардорони Тоҷикистону Туркия ҳафтаи чанд рӯзе пеш дар бораи аз омодагии ду ҷониб барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам хабар доданд.
Дар гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон омада, ки "президентҳо омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати дар ояндаи наздик аз нав ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар таъкид карданд".
Комментарии (0)