< Ҳалокати ҷавони 23 сола бар асари чаппашавии крани борбардор дар Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати ҷавони 23 сола бар асари чаппашавии крани борбардор дар Душанбе

Ҳалокати ҷавони 23 сола бар асари чаппашавии крани борбардор дар Душанбе
Дар пайи чаппашавии крани борбардори сохтмонӣ дар бинои навсохте, воқеъ кӯча Сурхоби пойтахт як нафар ҳалок шудааст

Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми шанбеи гузашта сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, крани борбардори баландиаш 35 метр, ки дар сохтмони яке аз биноҳои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Сурхоби пойтахт буд, ба болои се бинои истиқоматӣ афтидааст.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳодиса ду сохтмончӣ- ҷавони 22 ва 23  ҷароҳат бардошта, аввали дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Гуфта мешавад табибон ҳолати ҷавони дигарии 23 соларо миёна арзёбӣ кардаанд.

Дар пайи чаппашавии кран боми се манзили сокинон зарар дидаву хушбахтона касе аз истиқоматкунандагонаш осеб надидааст.

Барои муаян сохтани сабаби ҳодиса гуруҳи корӣ таҳия шуда, таҳқиқ идома дорад, гуфт манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, крани борбардор ба ширкати "Хиштрез" тааллуқ доштааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий