Ҷасади Баҳром Ғафурӣ ба хок супурда шуд

Имрӯз Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, дар синни 44 – солагӣ бар асари як садами нақлиётӣ даргузашт
Бино бар иттилои наздикони овозхони машҳури тоҷик, ҷасади Баҳром Ғафурӣ баъд аз маросими ҷаноза дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи нӯҳум километри Душанбе ба хок супорида шуд.
“Баҳром Ғафурӣ, субҳи имрӯз дар қабристони Ҳазрати мавлоно, воқеъ дар маҳалаи нӯҳум километри шаҳри Душанбе, канори чати шоҳроҳи Душанбе -Ваҳдат ба хок супорида шуд”, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон яке аз дустони Баҳром Ғафурӣ.
Ёдрас мешавем, ки садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 шаб рӯх додааст.
Бино бар иттилои ВКД ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст.
Ба иттилои мабаъ, дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин ВКД таъкид доштааст, ки баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Комментарии (0)