< 45 мавриди ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат омори нав нашр кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

45 мавриди ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат омори нав нашр кард

45 мавриди ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат омори нав нашр кард
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 45 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят ва шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта дасти кам 45 мавриди тозаи сироятшавӣ ба ин беморӣ сабт карда шуд.

Бо илова шудани мавориди нави мубталошавӣ, теъдоди умумии гирифторони вируси COVID-19 ба 7583 нафар баробар шудааст.

Манбаъ меафзояд, ҳудуди 83,8 дарсади гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз бемории мазкур дар мамлакат ба 61 нафар расид.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий