< Тағироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тағироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг

Тағироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг
Ноҳиди Фозил, сардабири рӯзномаи “Анбоз” бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш барканор шуда, ба ҷояш Робияи Холмирзо таъин шуд. Дар ин бора имрӯз, 3-юми август фармоиши вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба имзо расид.

Робияи Холмирзо то ин дам сардабири маҷаллаи “Истиқбол” буд, ки ҳамагӣ се сол пеш ба ин вазифа расид.  Инчунин, Дилшод Раҳимӣ директори Пажуҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ таъин гардид.

Аз рӯи маълумоте, ки дастраси сомонаи Pressa.tj шуд, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода тасмим гирифтааст, ки дар тамоми нашрияҳои тобеи ин вазорат тағироти кадриро амалӣ намояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий