Дарёфти ҷасади шаҳрванди Туркманистон аз канали Ҳисор

Шаҳрванди Туркманистон рӯзи 8-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ аз баландии 5-6 метр худро ба дарёи Душанбе ҳаво додааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади шаҳрванди 25-солаи Туркманистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҷасади як шаҳрванди 25-солаи Ҷумҳурии Туркманистон рӯзи гузашта аз канали калони Ҳисор, шафати “Кӯли Ҷавонон” пайдо шудааст.
"Сариев Перхат зодаи Туркманистон буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе мезистааст", - омадааст дар хабарнома.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки наҷотдиҳандагон ҷасадро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Манбаъ афзуда, ки шаҳрванди Туркманистон рӯзи 8-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ аз баландии 5-6 метр худро ба дарёи Душанбе ҳаво додааст ва чун сараш сахт зарб хӯрда буд, дар об ғарқ шуд.
Комментарии (0)